Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятим дар шаҳри Хуҷанд https://t.co/WMmet6PWuH
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) April 1, 2023
Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятим дар шаҳри Хуҷанд
2023 , шаҳри Хуҷанд
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза”-и шаҳри Хуҷанд бо 100 нафар ятим аз шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.
Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятим дар шаҳри Хуҷанд https://t.co/WMmet6PWuH
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) April 1, 2023
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, либос, шириниҳо ва маблағ иборат мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид намуданд, ки ҳар нафари онҳо таҳти ғамхории бевоситаи давлат қарор доранд ва барои тарбияву ба камол расиданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷавонону наврасон танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, анҷоми амалҳои созанда баҳри дурахши бештари сарзамини аҷдодӣ ва мушарраф шуданашон ба зиндагии шоиста талаб мегардад.
Ятимон дар навбати худ иброз доштанд, ки аз пуштибонӣ ва кӯмаку дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳраваранд. Чунин ғамхориҳои ҳамешагӣ онҳоро водор месозад, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, бо аз худ кардани илму донишҳои замонавӣ мутахассиси варзидаи касби интихобнамудаи хеш гарданд ва дар оянда ба нафъи давлату миллат хизмат намоянд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30417?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятим дар шаҳри Хуҷанд https://t.co/WMmet6PWuH
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) April 1, 2023